Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи ислоҳот дар полис баъди марги як марди дигари сиёҳпусте дар ИМА  


5 сентябр, задухӯрди эътирозгарон бо полис дар шаҳри Рочестери ИМА
5 сентябр, задухӯрди эътирозгарон бо полис дар шаҳри Рочестери ИМА

Шаҳрдори Рочестер, як шаҳре дар аёлати Ню-Йорк ваъда дод, ки баъди панҷ рӯзи эътирозҳо аз марги як марди боздоштшудаи сиёҳпуст дар дасти полис аз паи ислоҳоти ин соҳа мешавад. Лавли Уоррен дар нишасти хабарии рӯзи 6-уми сентябр эълон кард, ки барои дастёбӣ ба тағйироти воқеӣ ӯҳдадор шудааст, ки ин мушкилотро ҳал бикунад. Эътирозҳо баъди он шурӯъ шуд, ки дар шабакаҳо як навори видеоии саҳнаи боздошти Дениэл Пруди 41-сола нашр шуд. Дар ин навор дида мешуд, ки афсарон сари Прудро бо капюшон пӯшонда сарашро давоми ду дақиқа ба замин зер мекунанд. Уоррен афсарони дастошта дар боздоштро аз фаъолият боздошт. Таҳқиқи баъдӣ онҳоро бегуноҳ баровард. Рӯзи 6-уми сентябр беш аз як ҳазор эътирозгар аз хиёбонҳои шаҳри Рочестер раҳпаймоӣ карданд ва ин як рӯз баъди он буд, ки се афсар маҷрӯҳ шуда, нӯҳ нафар боздошт шуд. Эътирозҳои Рочестер яке аз охирин тазоҳуроти мардумӣ бо талаби адолати нажодӣ дар нисбати сиёҳпӯстон дар ИМА буд. Масъалаи ноадолатии нажодӣ ба як бахше аз барномаи интихоботӣ ҳам табдил шуд ва президент Доналд Трамп ваъда дод, ки дар даври дигари раҳбариаш ба қонун ва тартибот таваҷҷӯҳ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG