Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп аз амрикоиҳо хост, эҳтиёт кунанд


Доналд Трамп гуфтааст, барои роҳ надодан, ба сирояти коронавируси нав ба мардуми бештар, сокинон фосилагирии иҷтимоиро риоят кунанд.
Доналд Трамп гуфтааст, барои роҳ надодан, ба сирояти коронавируси нав ба мардуми бештар, сокинон фосилагирии иҷтимоиро риоят кунанд.

Раиси ҷумҳур Доналд Трамп ва Ситоди ҳукуматии мубориза бо коронавирус дар Амрико аз мардум хостанд, барои роҳ надодан ба густариши бемории COVID-19 дар Рӯзи коргар фосилагирии иҷтимоиро риоят кунанд. Дар Амрико рӯзи 7-уми сентябр Рӯзи коргар ва рузи ғайрикорӣ эълон шудааст ва дар ин руз умдатан мардум маҳфилҳои хонаводагӣ ташкил мекунанд ва ё ба сайругашту шиноаварӣ мераванд.

Мақомот барои он ба мардум ҳушдор доданд, ки дар Рӯзи ёдбуд дар моҳи май ва дар Рӯзи истиқлоли Амрико дар моҳи июл теъдоди гирифторони COVID-19 дар кишвар афзуд. Мақомоти иёлати Флорида аз мардум хостанд, ки дар тӯли се рӯзи истироҳат, фосилагирии иҷтимоиро бахусус дар соҳили баҳр ва дигар маконҳои умумӣ риоят кунанд.

Айни замон коронавируси нав ҳамчунон дар Мексика ва Бразилия бо суръати бештаре сироят мекунад. Дар аввалӣ рӯзи 5-уми сентябр 6300 мавриди нав ва дар дуввумӣ бештар аз 30 ҳазор бемор сабт шудааст. Дар Фаронса теъдоди гирифторон якбора зиёд шуд ва танҳо дар рӯзи 4-уми сентябр 9 ҳазор мубталои дигар ба бемории COVID-19 – ро сабт кардаанд.

XS
SM
MD
LG