Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадҷони Шодиро бо бемории “илтиҳоби дутарафаи шуш” бистарӣ кардаанд


Муҳаммадҷони Шодӣ
Муҳаммадҷони Шодӣ

Ҳунарманди шинохтаи театру кинои тоҷик Муҳаммадҷони Шодӣ (Муҳаммадҷон Шодиев) ба “илтиҳоби дутарафаи шуш”, бемории монанд ба коронавируси нав, мубтало шуда, тайи се рӯз боз дар шифохонае дар Душанбе бистарӣ аст.

Сорбони Муҳаммадҷон, писари ҳунарманд, рӯзи 4-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, падараш таҳти муроқибати пизишкон аст ва саломатиаш “рӯ ба беҳбудист”.

“Қадам мезананд, аммо хастагӣ эҳсос мешавад. Се рӯз пеш, вақте ба шифохона овардем, таби баланд доштанд ва сахт месур(л)фиданд”, -- афзуд ӯ.

Наздиконаш мегӯянд, ҳунарманд барвақт ба ин беморӣ гирифтор шуда буд ва дар хона табобат мегирифт. Баъди каме бад шудани вазъи саломатиаш ӯро дар бемористон бистарӣ кардаанд.

Муҳаммадҷони Шодӣ 66-сола ва ҳунарманди театри ба номи Абулқосими Лоҳутии шаҳри Душанбе аст. Ӯ дар деҳаи Сарои ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омадааст.

Ҳунарманди тоҷик дар чандин филм, аз ҷумла силсилафилми “Дар орзуи падар” ва “12 соли интизорӣ” нақши муҳимро бозидааст. Соли 2005 унвони “Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон”-ро гирифт.

XS
SM
MD
LG