Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи Навалний дар НАТО баррасӣ мешавад


Алексей Навалний аз рӯзи 20-уми август бемор аст ва дар беморхонаи "Шерите"-и шаҳри Берлин муолиҷа мешавад
Алексей Навалний аз рӯзи 20-уми август бемор аст ва дар беморхонаи "Шерите"-и шаҳри Берлин муолиҷа мешавад

Масъулини НАТО дар умури дифоӣ рӯзи 4 сентябр барои баррасии қазияи пешвои мухолифони рус Алексей Навалний ташкили ҷаласа мекунанд, ки бо як навъи заҳри сохташуда бо ҳадафҳои низомӣ заҳролуд шуда феълан дар беморхонаи Олмон муолиҷа мешавад. Эътилофи низомие иборат аз 30 узв қарор аст аз Русия даъват кунад, ки як тафтишоти комилу шаффофе барпо бикунад, вале бовар намеравад, ки тадбирҳои мушаххасе дар ин замина билофосила эълон шавад. Рӯзи 2 сентябр Олмон гуфт, ки санҷишҳои токсикологӣ бо “далелҳои радднопазир” собит карданд, ки мунаққиди Кремл бо заҳри навъи “Новичок” заҳролуд шудааст. Навалнии 44-сола рӯзи 20-уми август дар ҳавопаймо, ҳангоми парвоз аз Сибир ба Маскав худро бад ҳис кард ва ҳавопаймо дар шаҳри Омск фуруд омаду ӯро ду рӯз дар беморхонаи маҳаллӣ муолиҷа карданд. Танҳо баъди ин ӯро ба Олмон интиқол доданд. Навалний ҳоло дар беморхонаи “Шерите”-и Берлин дар ҳолати кома ё беҳушии маснуӣ буда, ҳолаташ сангин гуфта мешавад. То ҳол Русия ҳама гуна хабарҳо дар бораи вазъи сиҳҳатии Навалнийро рад карда ин қазияро дорои ангезаҳои сиёсӣ номидааст.

XS
SM
MD
LG