Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Михаил Ефремов худро гунаҳгор эътироф кард


31-уми август, Михаил Ефремов ба додгоҳ расид
31-уми август, Михаил Ефремов ба додгоҳ расид

Ҳунарпешаи маъруфи рус Михаил Ефремов, ки як мунаққиди шадидлаҳни Кремл мебошад, дар додгоҳ эътироф кард, ки таҳти таъсири машрубот буд ва савори мошин сабаби марги инсон шуд. Ефремов дар мурофиаи рӯзи 3 сентябр хитоб ба додрас гуфт: “Ман гуфтание дорам. Ҷаноби додрас, ман гунаҳгор ҳастам”. Мурофиаи додгоҳии ҳунарпешаи маъруф рӯзи 5 август шурӯъ шуд ва Ефремов аз оғоз гуфтааст, ки ҳаводиси рӯзи 8-уми июнро ёд надорад ва худро гунаҳгор намеҳисобад. Айбдоркунандаи мурофиа гуфт, ки гунаҳгор будани Ефремовро баёноти полис ва шоҳидон тасдиқ мекунад. Се шоҳид гуфт, ки Ефремов дар дохили мошин танҳо набуд. Яке аз шоҳидон гуфт, ки ҳангоми бархӯрди мошини Ефремов ба мошини дигар худи ҳунарпеша дар ҷои мусофир нишаста буд ва дигаре гуфт, ки мошинро нафари дигаре ронандагӣ мекард. Дар сурати гунаҳгор эълон шуданаш ба Ефремов то 12 соли зиндон таҳдид мекунад. Дар ҳодисаи бархӯрди мошинҳо Сергей Захарови 57-сола ҷароҳати сангин бардошт ва дар беморхона даргузашт. Баъди санҷиш табибон гуфтанд, ки дар хуни Ефремов нишонаҳои маводи мухаддир, аз ҷумла кокаин пайдо шудааст. Михаил Ефремов, ҳунарпешаи театру кино 56 сол дошта, солҳои охир бо ҳунарнамоиҳои инфиродиву ҳаҷву мазҳакаҳои сиёсӣ, аз ҷумла интиқоди президенти Русия Владимир Путин дар миёни мардум бисёр маъруф шудааст.



XS
SM
MD
LG