Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози занон дар Беларус


Боздоштҳо дар ҷараёни эътирозҳои донишҷӯён сурат гирифт
Боздоштҳо дар ҷараёни эътирозҳои донишҷӯён сурат гирифт

Дар шаҳри Мински Беларус шоми 1 сентябр эътирози сулҳомези занҳо баргузор шуд, ки баъди эътирозҳову боздоштҳои донишҷӯён ба хиёбонҳо баромаданд. Мухолифон даъват карданд, ки рӯзи 1-уми сентябр дар кишвар коршиканиву эътироз аз тақаллуб шудани интихоботи 9-уми август ва талаби истеъфои президент Александр Лукашенко баргузор шавад ва он бо рӯзи аввали таҳсил мусодиф омад. Дар майдони Истиқлолияти Минск чандсад зан ҷамъ омада, бархе сурудхониву рақс карданд ва полис ҳам ин саҳнаро назорат мекард. Дар эътирозҳои се ҳафтаи ахири Беларус нақши занҳо бориз буд. Ба иловаи ин ки раҳбарии мухолифинро ба ӯҳда гирифтанд, ба ҳангоми саркӯбҳои эътирозҳо аз ҷониби полис пеши роҳи мардони эътирозгарро гирифта талош мекарданд аз ҳабсҳои худсарона пешгирӣ кунанд.

Маркази ҳуқуқи башари “Весна” рӯзи 1 сентябр гуфт, ки дар паи саркӯби эътирозҳои рӯзи аввали тирамоҳ 55 нафар боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG