Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Сӯхро боздошт ва бо халта дар сар ба пулис бурданд


Фирдавс Аҳроров, шаҳрванди Узбекистон.
Фирдавс Аҳроров, шаҳрванди Узбекистон.

Муллоҳусейн Аҳроров, сокини 55-солаи ноҳияи Сӯхи Узбекистон мегӯяд, писари ӯро боздошт ва дар сараш халта кашида, ба вилояти Фарғона бурдаанд.

"Ман дар коргоҳ будам, шом хона омадам, ки писарам нест. Мақомот ба ман гуфтанд, ки ӯро боздошт кардаанд, аммо нагуфтанд, ба куҷо бурдаанд. Онҳое, ки писарамро диданд, мегӯянд, ба сараш халта кашида, дар чархбол савор кардаву бурдаанд", - гуфт Аҳроров. Фирдавс Аҳророви 25-сола, писари Муллҳусейн Аҳроров ягона ноноварӣ хонавода аст.

Ин дар ҳолест, ки додситонии вилояти Фарғонаи Узбекистон рӯзи 24 август гуфта буд, ҳамаи боздоштшудаҳо бо моддаҳои "Муқовимат нишон додан ба намояндаи давлат" ва "Бетартибии оммавӣ" айбдор мешаванд.

Мақомоти Узбекистон пештар аз ин расман аз боздошти шаш сокини ноҳияи Сӯх бо айбҳои мазкур хабар доданд.

Рӯзи 31 майи соли ҷорӣ байни сокинони ду деҳаи наздимарзии Узбекистону Қирғизистон ҷанҷол сар зад. Дар ин ҷанҷол аз ду ҷониб бештар аз ҳазор сокин ширкат варзид. Намояндагони мақомоти Узбекистон барои ором кардани сокинон ба минтақа омаданд, аммо бо муқовимати онҳо рӯ ба рӯ шуданд.

XS
SM
MD
LG