Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманеӣ гуфт, созиши Иморот бо Исроил "хиёнат" ба ҷаҳони Ислом аст


Оятулло Алии Хоманеӣ дар давраи пандемия бо ниқоби тиббӣ суханронӣ мекунад
Оятулло Алии Хоманеӣ дар давраи пандемия бо ниқоби тиббӣ суханронӣ мекунад

Раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ созиши таърихии Исроилу Имороти Муттаҳидаи Арабро барои оддӣ шудани равобити миёни ду кишвар “хиёнат”-е хонд, ки ба гуфтааш, “дер намепояд”. Дар паи парвози нахустин ҳавопаймои исроилӣ, ки шоми 31 август ҳайатҳои исроиливу амрикоиро ба фурудгоҳи Абу Забӣ расонид, Хоманеӣ дар суханронии рӯзи 1 сентябри худ гуфт, ки “алайҳи ҷаҳони Ислом ё кишварҳои араб, минтақа ва Фаластин” ба гуфтаи ӯ, “хиёнат” шуд. Исроил ва Иморот рӯзи 13 август гуфтанд, ки бо миёнҷигии ИМА равобити комили дипломатӣ барқарор мекунанд. Як бахши ин созиш дар назар мегирад, ки Исроил аз ишғоли бахше аз қаламравҳои Каронаи Ғарбӣ даст мекашад. Иморот нахустин кишваре дар Халиҷи Араб шуд, ки бо Исроил равобити пурра ва фаъоли дипломатӣ барқарор мекунад ва сеюмин кишварест, ки бо ин кишвар ҳамкориҳои дипломатӣ дорад. Эрон, Туркия ва фаластиниҳо аз ин созиш хушнуд нестанд. Майк Помпео, котиби давлатии ИМА дар суханронии рӯзи 31 август ишора кард, ки Эрон дар созиши миёни Исроилу Иморот нақши марказӣ мебозад, ба он хотир, ки ба гуфтааш, Теҳрон “дар Ховари Миёна бесуботӣ эҷод мекунад”. Помпео дар як мусоҳибааш гуфт, ки ҳамакнун “Иморот ва Исироил тавони ҳамкорӣ ба хотири таъмини амният дар Ховари Миёна алайҳи таҳдидҳои азимро доранд”. Ба иловаи мувофиқаҳои ҳосилшуда, Иморот моҳи август қонуни бойкоти Исроилро, ки соли 1972 қабул шуда буд, бекор ва бо Исроил нахустин бор хати мустақими телефонӣ боз кард.

XS
SM
MD
LG