Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тихановская дар Шӯрои амнияти СММ суханронӣ мекунад


Светлана Тихановская баъди он ки ҳамсараи блогнависаш боздошт шуд, номзадиашро ба интихоботи президентӣ гузошт. Аз ӯ садҳо ҳазор сокини Беларус пуштибонӣ карданд
Светлана Тихановская баъди он ки ҳамсараи блогнависаш боздошт шуд, номзадиашро ба интихоботи президентӣ гузошт. Аз ӯ садҳо ҳазор сокини Беларус пуштибонӣ карданд

Дар паи се ҳафта эътирозҳои мардумии Беларус, қарор аст ҳафтаи ҷорӣ Светлана Тихановская дар Шӯрои амнияти СММ суханронӣ кунад. Эътирозҳои мардумӣ, ки баъди 9 август шурӯъ шуд, бекор шудани натиҷаҳои интихоботи президентиро тақозо мекунанд, ки ба бовари мухолифон ва фаъолон, ба манфиати президент Александр Лукашенко тақаллуб шудааст. Қарор аст дар конфронси рӯзи 4 сентябр бо даъвати Эстония Тихановская ба таври онлайнӣ иштирок кунад. Эстония ҳоло узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ мебошад. Чор рӯз баъди он ӯ дар Маҷмаи парлумонии Шӯрои Аврупо суханронӣ хоҳад кард. Дар ин бора рӯзи 31 август сухангӯи ӯ хабар дод. Тихановская дар интихоботи рӯзи 9 августи Беларус номзад буд ва тарафдоронаш мегӯянд, ки дар воқеъ ӯ барандаи интихобот шуд. Вале баъди он ки мақомоти ин кишвари худкома Лукашенкоро баранда эълон карданд, Тихановская ба Литва рафт. Лукашенко аз соли 1994 президенти Беларус аст ва ин бори аввал аст, ки президенти худкома бо мавҷи азиму сартосарии эътирозҳо рӯбарӯ мешавад.

Рӯзи 31 август президенти Литва Гитанас Науседа гуфт, ки ин кишвар ҳамроҳ бо ду ҳамсояи дигари назди Балтикааш дар нисбати 30 мақоми беларусӣ, аз ҷумла президент Лукашенко барои хушунат алайҳи эътирозгарон таҳрими сафар ҷорӣ мекунад. Эътирози ахири ҷамъиятие бо ширкати беш аз 100 ҳазор нафар рӯзи 30 август баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG