Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони дифоъ дар ҷаласаи СПАД дар Маскав ҷамъ мешаванд


Сергей Шойгу, вазири дифои Русия. Акс аз соли 2017, Минск
Сергей Шойгу, вазири дифои Русия. Акс аз соли 2017, Минск

Дар Русия рӯзи 4 сентябр ҷаласаи муштараки вазирони дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, Муштарак-ул-Манофеъ ва Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор мешавад. Дар нахустин ҷаласаи ҳузурии вазирони дифои кишварҳои узв дар шароити пандемияи коронавирус, ба навиштаи оҷонии “Азия-Плюс”, вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ҳам иштирок хоҳад кард. Даар Вазорати дифои Тоҷикистон ба ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки дар ин ҷаласа таваҷҷӯҳи вижа ба масоили Афғонистон, тадбирҳои муштараки зидди пандемияи коронавирус ва дигар масъалаҳо равона мешавад.

Эҳтимол меравад, ки мавзӯи Беларус ва эътирозҳои мардумӣ, ки баъди интихоботи президентии рӯзи 9 август шурӯъ шуд, яке аз масоили мавриди баррасии ин ҷаласа мешавад. Беларус узви комилҳуқуқи Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ мебошад, ки бештар зери назари Русия амал мекунанд. Ҳафтаи гузашта президенти Русия Владимир Путин дар як изҳороташ гуфт, ки дар чаҳорчӯби СПАД ва созиши Иттиҳоди Русияву Беларус “Русия дар баробари Беларус ӯҳдадориҳои муайяне дорад”. Путин гуфт, ки бо дархости президенти Беларус аз ҳисоби кормандони ҳифзи қонун “як нирӯи захиравӣ” ташкил кардааст, вале феълан истифода намешавад. Путин гуфт, ки “то замони аз зери назорат берун шудани вазъ” ин нирӯҳо истифода нахоҳанд шуд. Дар Беларус садҳо ҳазор нафар барои бори шашум президент интихоб шудани Лукашенкоро қабул надоранд ва инак се ҳафта инҷониб эътироз мекунанд.

XS
SM
MD
LG