Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Белорус 17 хабарнигорро аз иҷозаи кор маҳрум кардааст


Лаҳзаи дастгир кардани баъзе аз хабарнигорон дар Минск. 28-уми августи 2020
Лаҳзаи дастгир кардани баъзе аз хабарнигорон дар Минск. 28-уми августи 2020

Ҳукумати Белорус аккредитатсия ё иҷозаи кори чанде аз рӯзноманигоронро, ки ҷанҷолҳои баъд аз интихоботро дар ин кишвар бозтоб медоданд, бекор кардааст.

Кумисюни пешгирӣ аз терроризму ифротгароии Шӯрои амнияти Белорус рӯзи 29-уми август гуфт, аккредитатсияи

  • чаҳор хабарнигори бахши белорусии Радиои Озодӣ,
  • як хабарнигори телевизиони “Настояшее Время”,
  • ду рӯзноманигори Би-би-сӣ,
  • ду хабарнигори оҷонси “Франс-Пресс”,
  • ду намояндаи “Ройтерс”
  • ва як хабарнигори телевизиони олмонии ARD-ро лағв кард.

Анҷумани хабарнигорони Белорус гуфт, дар маҷмуъ, 17 хабарнигор аз ҳаққи кор маҳрум шудаанд. Мақомоти расмӣ ин замина шарҳе надодаанд.

Дейзи Синделар, иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Озодӣ гуфт, "ин нақзи меъёрҳои байнулмилалӣ ва ҳамла ба мардуми Белорус аст, ки ба мо эътимод мекунанд."

Дар ҷараёни эътирозҳои пас аз интихобот дар Минск дар рӯзи 27-уми август ҳудуди 50 рӯзноманигор боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG