Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико ислоҳоти соҳаи пулис ва низоми додгоҳиро хостанд


Ҳазорон нафар хостори ислоҳот дар соҳаи пулис ва низоми додгоҳӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шуданд.

Онҳо рӯзи 28-уми август дар Вашингтон ба муносибати солрӯзи суханронии таърихии Мартин Лютер Кинг, раҳбари пешини ҳуқуқи маданӣ гирдиҳам омаданд.

Фаъолони ҳуқуқи башар ин эътирозро зери номи "зонуҳяотонро аз гарданҳои мо бигиред" баргузор карданд.

Чунин номгузорӣ дар ҳолест, ки моҳи майи имсол Ҷорҷ Флойд, амрикоии африқоиасл баъди он ҷон бохт, ки як афсари пулис ҳангоми боздошт зонуи худро чанд дақиқа ба гардани ӯ гузошта буд.

XS
SM
MD
LG