Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абе аз мардуми Ҷопон узр хост


Токио, 28 августи соли 2020
Токио, 28 августи соли 2020

Шинзо Абе, нахуствазири Ҷопон, ки дарозмуддат дар ин мақом ифои вазифа кардааст, бо сабабҳои сиҳҳатӣ аз мақомаш канор меравад. Абе рӯзи 28 август гуфт, моҳи июл эҳсос кард, ки хаста шудааст ва баъди он ки моҳи август ду дафъа ба беморхона интиқол ёфт, табибон сангинтар шудани илтиҳоби рӯдаашро тасдиқ карданд. Дар изҳороти худ Абе дар муроҷиат ба шаҳрвандони Ҷопон гуфт, аз он ки натавонист масъулиятҳои худро дар мақоми нахуствазирӣ иҷро бикунад, узр мехоҳад. Ӯ гуфт:

“Ман бояд бо беморӣ мубориза барам ва табобат кунам. Саломатиам хуб нест ва баробар бо ин бояд тасмимҳои сиёсӣ бигирам. Вале ман наметавонам дар масоили муҳим ба хато роҳ диҳам. Ба шарофати ҷомеа, ман бояд дар ҷараёни тамоми масъалаҳо бошам. Ман ин корҳоро карда наметавонам ва ба қароре расидам, ки корамро дар мақоми нахуствазирӣ идома дода наметавонам”.

Абе инчунин гуфт, ки тасмими интихоби шахсияти раҳбари нави ҳизби ҳокими Либерал-демократии Ҷопон ба дасти ӯ нест ва инро бояд аъзои ҳизб муайян кунанд. Вале ӯ гуфт, ки нахуствазири баъдӣ бояд корро дар амри муқобила бо коронавирус идома диҳад. Хабари аз мақом канор рафтани Абе ба бозорҳои молии Ҷопон таъсири манфӣ расонид.

Шинзо Абе яке аз охирин раҳбарони ҷаҳонӣ аст, ки октябри соли 2018 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар кишвараш пазироӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG