Дар Узбекистон кӯмаки якдафъаӣ дар ҳаҷми 500 ҳазор сӯм (муодили 50 доллари ИМА) ба ҳар кӯдаки то 16-сола аз хонаводаҳои ниёзманд пардохт карда мешавад.
Дар ин бора фармони президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев содир шудааст.
Бино ба ин фармон, пардохти кӯмакҳо дар моҳи сентябр сурат мегирад ва кӯдакон аз хонаводаҳои ниёзманд ва кӯдакони маъюб ҳаққи дарёфти ин навъи кӯмакро доранд.
Бонки марказии Узбекистон ва дигар бонкҳои тиҷорӣ вазифадор шудаанд, ки кӯмакҳоро ба кӯдакон тақсим кунанд.
Вазорати молияи Узбекистон дастур гирифтааст, ки барои сари вақт расонидани кӯмакҳо аз буҷаи давлат маблағ ҷудо кунад.