Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду муҳоҷири тоҷикро дар Русия барои наҷоти одамон аз сӯхтор ситоиш карданд


Акси Фирдавс ва Далер аз навори "Москва 24"
Акси Фирдавс ва Далер аз навори "Москва 24"

Далер ва Фирдавс, ду ҷавони тоҷик, пас аз наҷоти як кӯдак аз марг қаҳрамони расонаҳои Русия шуданд. Дар сӯхтори хонае дар ғарби Маскав ҷавонони тоҷик ҳам барои наҷоти одамон ёрӣ карда ва як духтари хурдсолро аз коми оташ берун овардаанд.

Дар бораи корнамоии ду ҷавони тоҷик шабакаи “Москва 24” хабар до два навори сипоси падари духтарро ба муҳоҷирони тоҷик нашр кард. Ӯ наҷотдиҳандаи духтарашро ба оғӯш кашида мегӯяд, “кош, чунин шахсон зиёд бошад.”

Сӯхтор рӯзи 26-уми август дар хонаи баландошёнае дар кӯчаи Кубкина 4-и Маскав рух додааст. Муҳоҷирони тоҷик Далер ва Фирдавс ҳам дар он ҷо зиндагӣ мекарданд.

Онҳо дар суҳбат ба расонаҳои Русия гуфтаанд, баъд аз кор дар хона истироҳат мекарданд, ки садои таркишеро шунида, барои мадад ба ҷойи ҳодиса рафтанд. Онҳо аввал занеро, ки дар ин сӯхтор осеб дида буд, берун оварда, садои кумакхоҳии зани дигареро шуниданд ва ба ёрии ӯ шитофтанд. Ин бор ба модаре барои берун овардани кӯдакон аз коми оташ ёрӣ расонданд.

Шабакаи “Москва 24” бо нашри аксу видеои ду ҷавон навиштааст: “Шинос шавед, инҳо Далер ва Фирдавс ҳастанд. Онҳо қаҳрамонанд. Субҳи имрӯз онҳо кӯдаконро аз сӯхтор наҷот доданд.”

Бори аввал нест, ки муҳоҷирони тоҷик ҷони худро дар хатар гузошта, барои наҷоти одамон дасту остин бармезананд. Бархе ҳатто дар чунин ҳодисаҳо ҷони худро аз даст медиҳанд.

Дар чандин ҳолат муҳоҷирон барои чунин қаҳрамониҳо дар Русия қадрдонӣ шудаанд, аммо ҳолатҳое ҳам будааст, ки корнамоиву азхудгузаштагии муҳоҷирон ба манфиати шаҳрвандони Русия таҳриф мешавад.

XS
SM
MD
LG