Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогер Дадахон Ҳайдаровро даҳ рӯз ба ҳабс гирифтаанд


Дадахон Ҳайдаров
Дадахон Ҳайдаров

Мақомоти Узбекистон блогер аз ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона Дадахон Ҳайдаровро, ки дар Ютуб саҳифа дорад, 10 рӯз ҳабс кардаанд.

Падари блогер Шералӣ Ҳайдаров мегӯяд, баъд аз ҳабс фарзандашро надидааст ва аз вазъи ӯ сахт нигарон аст.

"То ҳол намедонем, ки ба зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ кушодаанд, ё не. Тавре маълум шуд, писарам иҷозат додааст, то вакили дифои давлатӣ аз ҳуқуқи ӯ ҳимоят кунад. Борҳо аз вакили дифоъ хостам, ки аз писарам бипурсад, ӯро латукӯб кардаанд, ё не, вай посух дод, ки писари шуморо касе назадааст, вале гиря мекунад. Дар бораи ӯ ба мо ҳеч гуна маълумот намедиҳанд. Ӯ ҳамагӣ 22 сол дорад", -- афзуд Ҳайдаров.

Ба гуфтаи Ҳайдаров, писари ӯро кормандони мақомоти интизомие боздошт карданд, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд. Онҳо ҳатто қарори ҳабси блогерро низ пешниҳод накардаанд.

Додситонии кулли Узбекистон 25-уми август хабар дод, ки шаш сокини ноҳияи Сӯх боздошт шуда, ба зидди онҳо бо бандҳои "Муқобилият нишон додан ба намояндагони мақомот" ва "Бетартибии оммавӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба гуфтаи додситонӣ, ҳамаи дастгиршудаҳо ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

Сокинони Сӯх мегӯянд, аз деҳаҳои "Равон", "Мулғон", "Қизилқия", "Ҳушёрӣ" ва "Чункара" дастикам 12 ҷавон боздошт шудааст.

Рӯзи 31-уми май миёни сокинони "Чашма"-и Сӯх ва "Чечме"-и Қирғизистон занозанӣ сурат гирифта буд. Баъзе аз сокинони Сӯх гуфтанд, ки шумори боздоштшудаҳо ба 41 кас расидааст.

XS
SM
MD
LG