Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Брентон Таррант барои қатли 51 намозгузор ба ҳабси абад маҳкум шуд


Бретон Таррант дар Додгоҳи олии Крайстчёрч
Бретон Таррант дар Додгоҳи олии Крайстчёрч

Додгоҳе дар Зеландияи Нав марди 29-солаи авcтралиягӣ Брентон Таррантро, ки соли гузашта бо ҳамла ба ду масҷиди Крайстчёрч 51 нафарро куштааст, ба ҳабси абад маҳкум кард ва аз имкони афв ё бахшида шудан маҳрум намуд. Додрас Камерон Мандер 27-уми август гуфт, ҳамлаи ӯ "он қадар сангин аст", ки ҳатто ҳабси абад барояш басанда нест. Ин марди австралиягиро ба сӯиқасд ба ҷони чиҳил каси дигар ва ҳамлаи террористӣ гунаҳкор донистанд. Бори аввал аст, ки як шахс дар Зеландияи Нав бо ҳабси абади маҳрум аз имкони афв рӯбарӯ шудааст. Брентон Таррант иттиҳомҳоро қабул кардааст. Додситонии Зеландияи Нав мегӯяд, Таррант чанд сол пеш роҳандозии ҳамлаҳоро ба масоҷид барномарезӣ карда буд. Брентон Таррант 15-уми марти соли 2019 ба сӯйи намозгузорони як масҷиди шаҳри Крайстчёрч аз силоҳ тир андохт. Вай аз ҷойи ҳодиса фирор карда, ба масҷиди дигар ҳамла бурд. Таррант ин амалашро мустақим дар Facebook нашр мекард.

XS
SM
MD
LG