Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео умедвор аст, кишварҳои арабӣ бо Исроил "рафиқ" мешаванд


Бенямин Нетаняҳу ва Майк Помпео баъди мулоқот дар Байтулмуқаддас дар рӯзи 24-уми август.
Бенямин Нетаняҳу ва Майк Помпео баъди мулоқот дар Байтулмуқаддас дар рӯзи 24-уми август.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико бо оғози сафари панҷрӯзае ба Ховари Миёна гуфт, умедвор аст, ки кишварҳои дигари арабӣ бо пайравӣ ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо Исроил робитаҳои дипломатӣ барқарор мекунанд.

Майк Помпео баъди гуфтугу бо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар шаҳри Байтулмуқаддас гуфт, мӯътадил кардани робитаҳо бо Исроил “ на танҳо амният дар Ховари Миёнаро мустаҳкам мекунад, балки зиндагии мардумони он кишварҳоро беҳтар мекунад.”

Исроил ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи 13-уми август гуфтанд, ки бо миёнҷигарии Амрико робитаҳои комили дипломатӣ ба роҳ мемонанд ва дар иваз Исроил аз барномаи ба қаламраваш ҳамроҳ кардани қисме Канораи Ғарб даст мекашад.

Ҳамингуна Имороти Муттаҳидаи Арабӣ нахустин кишвари арабие шуд, ки бо Исроил робитаҳои комили дипломатӣ ба роҳ мемонад ва саввумин кишвари арабист, ки робитаҳои дипломатӣ бо Исроил дорад.

Ин ҳаракати Иморотро чанде аз кишварҳои Халиҷи Форс истиқбол карданд, вале Эрону Туркияву Фаластиниён онро маҳкум намуданд. Қарор аст, Майк Помпео баъди хотимаи сафар дар Исроил ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн, Уммон, Қатар ва Судон биравад.

XS
SM
MD
LG