Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Белорус барандаи ҷоизаи Нобел Светлана Алексиевичро бозпурсӣ мекунанд


Светлана Алексиевич, барандаи ҷоизаи Нобел.
Светлана Алексиевич, барандаи ҷоизаи Нобел.

Барандаи ҷоизаи Нобел, нависанда Светлана Алексиевичро ба ҳайси шоҳиди парвандаи ҷиноии марбут ба таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсози Белорус ба бозпурсӣ даъват карданд.

Вай вазифадор шудааст, ки нисфирӯзии 26 август дар идораи Кумитаи тафтишотии Белорус ҳозир шавад.

Светлана Алексиевич - яке аз ҳафт узви раёсати Шӯрои ҳамоҳангсоз аст. Алексиевич бино ба вазъи сиҳатиаш наметавонад, дар кори раёсат ширкат варзад, вале бо аъзои дигари Шӯро пайваста дар иртибот аст.

То ин замон дар доираи парвандаи мазкур чанд аъзои раёсат бозпурсӣ шудаанд.

Субҳи 24 август дар корхонаи тракторбарории Минск ду тан аз аъзои раёсати Шӯрои ҳамоҳангсозро боздошт карданд.

Додситонии кулли Белорус 20 август дар пайи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсоз бо моддаи "Ғасби ҳукумат" парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Шӯрои мазкур бо ташаббуси номзади интихоботи президентии он кишвар Светлана Тихановская таъсис шудааст. Раёсати Шӯро ҳафт тан аз чеҳраҳои намоёни эътирозҳои мардумии Белорусро дар бар мегирад.

Шӯро манъи таъқиби шаҳрвандон, озодии ҳамаи зиндониҳои сиёсӣ, ғайривоқеӣ эътироф кардани интихоботи президентии рӯзи 9 август, инчунин баргузории интихоботи такрориро талаб дорад.

XS
SM
MD
LG