Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майк Помпео ба Исроилу Имороти Муттаҳидаи Араб меравад


Майк Помпео
Майк Помпео

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, ба Исроилу Имороти Муттаҳидаи Араб меравад. Вай дар ин сафар бештар дар бораи одӣ шудани равобити дипломатии миёни Исроилу Имороти Муттаҳидаи Араб суҳбат хоҳад кард. Исроилу Имороти Муттаҳидаи Араб рӯзи 13-уми август эълом карданд, ки дар бораи эҷоди равобити дипломатии комил ба созиш расидаанд. Онҳо бо миёнравии Амрико ба ин тавофуқ даст ёфтанд. Исроил ваъда додааст, ки иҷрои тарҳи ҳамроҳ кардани бахшҳое аз Каронаи Ғарбиро муваққатан бозмедорад. Хабаргузории “Ассошиайтед Пресс” ба нақл аз дипломатҳое, ки аз онҳо ном набурдааст, гузориш дод, ки интизор меравад вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 23-юми август ба Исроил биравад. Ӯ сипас аз Баҳрайн, Аммон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Қатару Судон дидан хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG