Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, қарори кишвараш барои фаъол кардани механизми бозгардонидани таҳримоти Созмони Милал ба зидди Эронро қарори дуруст номидааст.
Ӯ дар номаи расмӣ ба Шӯрои Амният гуфтааст, ки Эрон муқаррароти созиши атомии соли 2015-ро риоят накардааст ва барои ҳамин бояд таҳримоти байналмилалӣ бар зидди Эрон бояд барқарор карда шаванд. Худи Амрико аз созиши атомӣ бо Эрон соли 2018 берун шуд. Майк Помпео рӯзи 20-уми август дар номае, ки ба раиси Шӯрои Амнияти Созмони Милал гуфтааст, ки Эрон бисёре аз бандҳои созиши таърихиро иҷро накардааст.
Бо супурдани нома, Амрико расман талошҳо барои фаъол кардани механизми бозгардонидани таҳримот ба зидди Эронро шуруъ кард, ки шарикони аврупоии Амрико дар миёни 15 узви Шӯрои Амният мухолифи он ҳастанд. Тарафҳои дигари созиши атомӣ бо Эрон мегӯянд, азбаски Амрико аз созиши атомӣ хориҷ шудааст, ҳаққи баргардонидани таҳримоти байналмилалӣ ба зидди Теҳронро надорад.
Амрико мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида бар асоси Қатъномаи Созмони Милал ҳамчунон як тарафи созиши атомӣ бо Эрон шинохта шудааст ва ҳаққи бозгардонидани таҳримҳоро дорад. Соли 2015 Эрон бо Амрико, Русия, Чину Бритониё ва Фаронсаву Олмон созиши атомиро имзо кард. Бар асоси он, Теҳрон фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кард ва баъзе аз таҳримоти байналмилалӣ ба зидди онро бардоштанд.