Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Белорус дар робита ба таъсиси шӯрои мухолифон парванда боз карданд


Нишасти хабарии Шӯрои ҳамоҳангсозони мухолифони Белорус. 18 август, 2020.

Додситонии кулли Белорус дар пайи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифон бо моддаи ғасби ҳукумат парванда боз кард. Дар ин бора Александр Конюк, додситонии кулли он кишвар хабар дод.

"Таъсис ва фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифон ба ғасби мақомоти давлатӣ ва инчунин расонидани зиён ба амнияти давлат равона шудааст", - гуфт вай.

Шӯрои ҳамоҳангсози интиқоли қудрат дар Белорус ибтидои ҳафтаи ҷорӣ таъсис шуд. Дар нишасти матбуотии Шӯро гуфта шуд, ки аъзои он умедворанд бо президент Александр Лукашенко гуфтугӯ ба роҳ хоҳанд монд.

Лукашенко дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвараш рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифон ғайриқонунӣ аст.

XS
SM
MD
LG