Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон вуруди хориҷиҳоро осонтар кард


Сайёҳони хориҷӣ. Акс аз бойгонӣ.
Сайёҳони хориҷӣ. Акс аз бойгонӣ.

Вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандӣ ба Қирғизистон сода гардонида шуд. Дар ин бора аз ҳукумати он кишвар хабар доданд.

Ҳамакнун шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандӣ, ки дар мактабҳои олӣ таҳсил мекунанд, ҳаққи доимии иқомат доранд, ба табобат ва ё маросими дафни наздиконашон меоянд, метавонанд, бидуни монеа вориди Қирғизистон шаванд.

Ба ҷуз ин, мақомоти Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки барои рафъи оқибатҳои манфии таъсири коронавирус марҳила ба марҳила марзҳоро боз ва ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозаи вуруд диҳанд.

Қирғизистон сар аз 17 март, баъди сабти аввалин ҳолатҳои гирифторӣ ба вируси корона дар ин кишвар, вуруди шаҳрвандони хориҷиро манъ кард.

XS
SM
MD
LG