Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Беларус ташкили Шӯрои ҳамоҳангсозро “ғасби қудрат” номиданд


Идомаи эътирозҳо дар Беларус. 20-уми августи 2020
Идомаи эътирозҳо дар Беларус. 20-уми августи 2020

Додситонии кулли Беларус бар асоси моддаи "ғасби қудрат" ба зидди созмондиҳандагони Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифон парванда кушодааст.

Александр Конюк, додситони кулли Беларус, рӯзи 20-уми август дар ин бора хабар дод. Ин модда панҷ соли маҳрумӣ аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Додситони кулли Беларус гуфтааст, "ташкил ва фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсоз барои ғасби ҳокимият ва зарар расондан ба амнияти миллии Ҷумҳурии Беларус равона карда шудааст."

Шӯрои ҳамоҳангсоз барои интиқоли қудрат дар оғози ҳафтаи равон, дар ҷараёни эътирозҳо ба зидди натиҷаҳои интихоботи президентии Беларус, дар шаҳри Минск муаррифӣ шуд. Норозиён мегӯянд, дар ҷараёни интихобот тақаллуб шудааст ва онҳо истеъфои раиси ҷумҳур ва баргузории интихоботи навро талаб доранд.

Ба ҳайати раҳбарии Шӯрои ҳамоҳангсоз барандаи ҷоизаи Нобел Светлана Алексиевич, вазири пешини фарҳанг Павел Латушко ва намояндагони номзад ба мақоми президентӣ Виктор Бабарико ва Светлана Тихановская шомиланд. Дар нишасти матбуотии аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз гуфта шуд, ки барои музокирот бо президенти Беларус Александр Лукашенко умедвор ҳастанд.

Лукашенкои 65-сола, ки аз соли 1994 боз дар Беларус ҳукумат мекунад, гуфт, ба сафи Шӯро “шахсони озурда” ворид шудаанд. Вай рӯзи 19-уми август дар нишасти Шӯрои амният ташкили ниҳодҳои алтернативиро дар кишвараш ғайриқонунӣ донист.

Бахши беларусии Радиои Озодӣ мегӯяд, рӯзи 20-уми август дар Шӯрои ҳамоҳангсози интиқоли қудрат гуфтаанд, фаъолияти он қонунҳои Беларусро поймол намекунад.

XS
SM
MD
LG