Маъмурони амниятии Тоҷикистон рӯзи 19-уми август як подполковники Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро боздошт кардаанд.
Хабаргузории давлатии "Ховар" аз қавли масъулони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 20-уми август навишт, Сайфиддин Баротзода ба "қаллобӣ" муттаҳам аст.
Дар иттилои расмӣ гуфтаанд, "Сайфиддин Баротзода ҳангоми иҷрои вазифаи хизматиаш даст ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ зада, бо ин восита маблағи махсусан калонро тасарруф кардааст", вале ҷузъиёти дигаре надодаанд.
Баротзода сардори зершуъбаи Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯии Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддири назди президенти Тоҷикистон будааст. То ба ҳол мавқеи ӯ ва наздикону вакили мудофеаш ба қазия маълум нест. Дастрас кардани тафсилоти ҳодиса аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст.
Дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба хабаргузории расмии “Ховар” гуфтаанд, нисбат ба Сайфиддин Баротзода бар асоси қисми чаҳори моддаи 247 (банди б) – “Қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст” – парванда кушодаанд.
Дар Кодекси ҷиноӣ барои ин амал аз 84 то 127 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 8 то 12 соли зиндон пешбинӣ шудааст.
Се рӯз пеш маъмурони амниятӣ як корманди Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон полковник Ҷонибек Маҳмадзодаро бо гумони "пора гирифтан" боздошт карданд.
Созмонҳои байнулмилалӣ мизони фасодкориро дар Тоҷикистон боло арзёбӣ мекунанд. Сокинон мақомотро бештар барои он танқид мекунанд, ки мансабдорони баландпояро дастгир намекунанд ва аксаран боздоштҳо интихобӣ сурат мегирад.