Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаррис пешниҳоди Ҷо Байденро пазируфт


Камала Ҳаррис нахустин зани сиёҳпӯсти Амрико аст, ки ба мақоми муовини раиси ҷумҳур пешниҳод шуд.
Камала Ҳаррис нахустин зани сиёҳпӯсти Амрико аст, ки ба мақоми муовини раиси ҷумҳур пешниҳод шуд.

Камала Ҳаррис, сенатори амрикоӣ дар анҷумани пешазтихоботии Ҳизби демократ пешниҳоди номзадиаш ба мақоми муовини раиси ҷумҳурро пазируфт. Ӯ зимни суханронӣ дар ҷаласаи онлайнӣ дар рӯзи 19-уми август раиси ҷумҳур Доналд Трампро “бемасъулият” ва “бетараҳҳум” номид.

Камала Ҳаррис нахустин зани сиёҳпӯст дар Амрико шуд, ки ба мақоми муовини раиси ҷумҳур пешниҳод мешавад. Ӯ, ки дар гузашта ба ҳайси додситон кор кардааст, ҳамроҳ бо номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико Ҷо Байден дар интихоботи рӯзи 2-уми ноябр ширкат мекунад.

Анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби демократи Амрико се рӯз боз аст, идома дорад. Барак Обама, раиси ҷумҳури собиқи Иёлоти Муттаҳида, 12 сол пеш Ҷо Байденро муовин баргузид, дар анҷуман суҳбат кард ва гуфт, ба сабаби нокомиҳои Доналд Трамп дар Иёлоти Муттаҳида 170 ҳазор нафар аз бемории COVID-19 ҷон доданд ва миллионҳо нафар бекор монданд ва обрӯи Амрико дар ҷаҳон бисёр латма хӯрд.

XS
SM
MD
LG