Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон ҳам ваксинаи зидди COVID-19-ро барои озмоиш омода кард


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Маркази миллии ташхиси доруҳо ва маводи тиббии Қазоқистон эълом кард, ки "пажуҳиши озмоишгоҳии ваксинаи зидди коронавирусро ба поён расонидаанд".

Ба иттилои ин марказ, ваксина барои озмоиш дар ҷисми довталабон омода аст. Марҳилаи дувуми озмоиши ваксинаи қазоқистонӣ дар моҳи октябр шуруъ хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир дар саросари дунё бештар аз 100 навъи ваксинаҳо дар ҳоли озмоиш ва коркард қарор доранд. Пештар аз ин Русия эълом кард, ки ваксинаи зидди коронавирусро сохтааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба вижа Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба коромадии ваксинаи Русия изҳори шубҳа кард. Созмон гуфт, ин ваксина ҳамаи марҳилаҳои озмоишро нагузаштааст. Русия инро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG