Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЮНИСЕФ аз Узбекистон хост, мактабҳоро бо обу собун таъмин намояд


Тошканд, Узбекистон. 17 август, 2020.
Тошканд, Узбекистон. 17 август, 2020.

ЮНИСЕФ аз ҳукумати Узбекистон даъват кард, ки то оғози соли таҳсил шароити беҳдоштии мактабҳоро таъмин намояд.

Бино ба гузориши ЮНИСЕФ, 13 дарсади мактабҳои Узбекистон барои шустани даст обу собун надоранд.

Бино ба гузориши ин созмон, басташавии мактабҳои дар Узбекистон ба таҳсили бештар аз 8 миллион хонанда таъсир расонидааст.

ЮНИСЕФ гуфт, раванди марҳила ба марҳила боз кардани мактабҳо бояд таъмини бехатариро ҳам ба эътибор гирад. "Пеш аз боз кардани мактабҳо бояд ба назар гирифт, ки ҳамаи шароити беҳдоштӣ таъмин бошад", - омадааст дар гузориши ЮНИСЕФ.

XS
SM
MD
LG