Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби демократи Амрико оғоз ёфт


Анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби демократи Амрико бинобар пандемияи коронавирус онлайн сурат гирифт.
Анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби демократи Амрико бинобар пандемияи коронавирус онлайн сурат гирифт.

Анҷумани Ҳизби демократи Амрико барои пешбарии номзад ба мақоми раиси ҷумҳур бо суханрониҳои ҳаяҷонангези Мишел Обама, бонуи собиқи аввал, Берни Сандерс, довталаби курсии раиси ҷумҳур оғоз ёфт. Онҳо аз мардум хостанд, ба президент Доналд Трамп ва “сиёсатҳои ҷудоиандозона“-и ӯ раъй надиҳанд. Бинобар пандемияи коронавирус анҷуман рӯзи 17-уми август аз тариқи онлайн сурат гирифт.

Мишел Обама гуфт, ки Доналд Трамп борҳо нишон дод, ки “раиси ҷумҳури дуруст” барои Амрико нест. Дар нутқи аз қабл сабтшуда, Мишел Обама мегӯяд, Трамп марди бемасъулияту шахсият аст, ки шоистаи мақоми раиси ҷумҳур нест. Ӯ меафзояд, Амрикоиҳо, ки ба Кохи Сафед барои раҳнамоӣ, дилдорӣ ва субот менигаранд, ба ҷойи он “бебандуборӣ, ҷудоиандозӣ ва бетафовутии комил мебинанд”.

Берни Сандерс, вакил аз Ҳизби демократи Амрико гуфт, ки Трамп кишварро ба самти “худкомагӣ” мебарад. Ӯ афзуд, дар миён сарнавишти демократия дар Амрико аст, ки барои ҳифзи он бояд Ҷо Байден раиси ҷумҳур интихоб шавад. Қарор аст, муовини собиқи раиси ҷумҳури Амрико охири ҳафта расман аз тарафи Ҳизби демократ номзад ба мақоми президент пешбарӣ шавад. Анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби ҷумҳурихоҳ ҳафтаи оянда сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG