Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон баъзе аз қарздорони андозро аз ҷарима озод кард


Яке аз идораҳои андозсупорӣ дар Қирғизистон.
Яке аз идораҳои андозсупорӣ дар Қирғизистон.

Дар Қирғизистон қарздорони андоз ва бима агар то 1 июли соли 2021 маблағи асосиро супоранд, ҷарима нахоҳанд шуд.

Дар сурати пардохти маблағ то 31 декабри соли 2021 ҷаримаҳо 50 дарсад кам карда мешаванд.

Ин сабукиро қонуне пешбинӣ мекунад, ки порлумони Қирғизистон 25 июни соли равон қабул кард ва президент Сооронбой Ҷеенбеков 17 август зери он имзо гузошт.

Қонуни мазкур ба хотири дастгирии андозсупорандагон дар давраи ҳамагир шудани коронавирус қабул шудааст.

Қонуни нав аз 17 августи соли равон ба иҷро даромада, то 31 декабри соли 2021 амал менамояд.

XS
SM
MD
LG