Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон барои бекор кардани таҳримҳо ба зидди пахтааш ним миллион доллар додааст


Оҷонси пешбурди содироти назди Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Узбекистон барои бекор кардани таҳримҳои эътилофи Cotton Campaign, ки ба зидди пахтаи узбекӣ эълом шудаанд, ширкати махсуси таблиғотиеро киро кардааст.

Нусхаи созишномаи Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Узбекистон бо ширкати амрикоии Xenophon Strategies дар ин замина, ки 14-уми апрели имсол имзо гаштааст, дастраси бахши узбекии Радиои Озодӣ шуд.

Дар ин созишнома зери имзои сардори Оҷонси пешбурди содирот Улуғбек Муродов ва намояндаи Xenophon Strategies Дэвид Фискус (David Fiscus) омадааст, ширкат "хидматрасонии дастгирии иттилооти"-еро хоҳад расонд, ки барои бекор кардани таҳримҳои Cotton Campaign boycott равона шудааст.

Бар асоси созишнома, ҷониби Узбекистон розӣ шудааст, ба ширкати амрикоӣ 585 ҳазор доллар диҳад. Бештари ин маблағ аллакай пардохт карда шудааст.

Нашрияи Foreign Lobby Report аввали моҳи равон хабар дод, ки Узбекистон барои беҳтар кардани имиҷи худ ба як ширкати хориҷӣ пул додааст. Узбекистон барои Xenophon Strategies​ нахустин муштарии хориҷӣ шумурда мешавад.

​Эътилофи байналхалқии ширкатҳои пахтаи Cotton Campaign соли 2010 бо ҳадафи таҳрими Узбекистон таъсис шуда буд. Эътилоф гуфт, дар Узбекистон кӯдакону калонсолон ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб мешаванд. Тамғаҳои маъруфи тиҷоратие ба монанди Nike, Zara, GAP, Levi's, H&M, UNIQLO ва ғайраҳо ба ин маърака ҳамроҳ шуда буданд.​

XS
SM
MD
LG