Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷаҳон теъдоди рекордии гирифторони COVID-19-ро сабт кардаанд


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар 24 соати гузашта бештар аз 294 ҳазор мавриди навӣ ва рекордии сирояти бемории COVID-19 дар саросари ҷаҳонро сабт кардааст. Дар гузориши тозаи созмон аз рӯзи 15-уми август омадааст, ки бо ин теъдоди гирифторон ба 21 миллион нафар мерасад.

Бар асоси гузориш, аз беморӣ 9985 нафар фавтидаанд ва талафот ҳам ба бештар аз 755 ҳазор нафар мерасад. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт фақат омори расмии тасдиқшударо истифода мебарад ва барои ҳамин гуфта мешавад, теъдоди беморону талафот дар муқоиса ба омори расмӣ бисёр зиёд аст.

Дар Русия рӯзона тақрибан 5 ҳазор мавриди нави сироят сабт мешавад. Дар Тоҷикистон то кунун ба гуфтаи мақомоти расмӣ, бештар аз 8000 мубталои бемории COVID-19-ро сабт кардаанд ва аз ин беморӣ 64 нафар фавтидаанд.

XS
SM
MD
LG