Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати нави Кумитаи давлатии ҷоизаи Рудакӣ маълум шуд


Бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҷои Гулназар Келдӣ, муовини раиси ин кумита интихоб шудааст.

Ин тағйирот дар рузҳое сурат гирифт, ки Гулназар бар асари бемории коронавирус рӯзи 13-уми август даргузашт.

Аз идораи Кумитаи ҷоизаи Рудакӣ, воқеъ дар бинои Иттифоқи нависандагон рӯзи 15-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳайати ин кумита бар асоси қарори ҳукумати кишвар бо узвияти 17 нафар намояндагони иттиҳодияҳои адабиву ҳунарии кишвар таъин карда шуд.

Қарори ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 30 июл ба тасвиб расидааст.

Раҳмат Назрӣ, шоири шинохта узви пешини Кумитаи давлатии Ҷоизаи Рудакӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи ҳайати нав ва низомномаи ҷоизаро соли гузашта ба ҳукумат пешинҳод карда буданд ва аз тасдиқи он хабар надоштааст.

Ӯ гуфт, бар асоси низомномаи наве, ки тартиб дода шуд, ҷоиза агар то соли 2014 сол дармиён ба барандагон дода мешуд, ҳамакнун ҳар чаҳор сол дода мешавад ва маблағаш ҳам аз 3,5 ҳазор доллар ба 4 ҳазор доллар зиёд карда шуд.

Вай гуфт, бо тасдиқи ҳайати нав низомномаи нав низ тасдиқ карда шудааст.

Дар ҳайати нави ин Кумита Фарзона, шоираи шинохта, адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманонов, овозхони шинохта Саидқул Билолов, шоир Рустам Ваҳобзода, Ғанизода Ҷамшед, ректори донишкадаи ҳунарҳои тасвирӣ, шоир Муҳаммад Ғоиб, Миралӣ Достизода, ректори Консерваторияи миллӣ, ҳунарпешаи маъруф Машраб Абдулло, театршинос Суҳроб Мирзоев, Бахтиёр Муртазоев, публисист, Амирбеки Мусо, раиси ититфоқи композиторон, Носир Саидов, мудири телевизиони “Сафина”, театршинос Муҳаммадулло Табар, Сафар Ҳақдодов, раиси Итифоқи кинематографҳо ва Наригс Ҳамидова, раиси иттифоқи рассомони Тоҷикистон мебошанд.

Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ, ки соли 1964 таъсис ёфтааст, ҳамасола ба саршиностарин чеҳраҳои адабиву фарҳангӣ тақдим мешавад.

Маблағи ҷои аввали ҷоизаи Рӯдакӣ баробари 3500 доллар аст. Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ аз пуррақобаттарин мукофоти давлатӣ ба шумор меравад, ки бисёр адибонро барои пешниҳоди асар ба озмун ташвиқ мекунад. Ин ҷоизаро маъмулан дар арафаи 9-уми сентябр - Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон тақдим мекунанд. Дар солҳои Шӯравӣ Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва дигарҳо барандаи ин ҷоиза шудаанд.

XS
SM
MD
LG