Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тихановская пешниҳод кард, ки дар Беларус ҳукумати давраи гузор ташкил шавад


Светлана Тихановская, номзад ба мақоми президенти Белорус буд

Ситоди Светлана Тихановская, номзад ба мақоми президенти Беларус дар интихоботи рӯзи 9-уми август пешниҳод кард, ки Шӯрои ҳамоҳангсозӣ "барои таъмини интиқоли қудрат" ташкил карда шавад.

Свтелана Тихановская аз рақибони асосии Александр Лукашенко дар интихоботи президентии Беларус буд, ки ба гуфтаи мақомот наздики 10 дар сад, вале ба гуфтаи ҷонибдоронаш аксари райъи мардумро ба даст овардааст.

Ҳазорон нафар дар Беларус натиҷаҳои расмии интихоботро қабул надоранд ва чанд рӯз боз барои аз қудрат канор рафтани Александр Лукашенко, ки 26 сол боз раҳбари ин кишвар аст, дар хиёбонҳо эътироз мекунанд.

Тихановская, ки ҳоло дар хориҷ аз Белорус қарор дорад, гуфтааст, дар Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҳар фарде, ки ҷонибдори интиқоли қудрат бо роҳи осоишта аст, метавонад шомил шавад.

Ин изҳорот дар саҳифаи Телеграми Ситоди интихоботии Тихановская нашр шудааст.

Ҳамзамон ӯ аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ даъват кардааст, ки аз иҷрои «амрҳои ғайриқонунӣ» даст кашанд.

Рӯзи 11-уми август Тихановская Беларусро тарк кард ва ҳоло дар Литва қарор дорад. Ҷонибдоронаш мегӯянд, ӯ зери фишор аз кишвар хориҷ шудааст.

Рӯзи 9-уми август дар Беларус интихоботи президентӣ баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, раиси ҷумҳури феълӣ Александр Лукашенко 80,08 дарсади ройи мардумро соҳиб шудааст. Мақомот мегӯянд, тақрибан даҳ дарсади мардум аз Светлана Тихановская, рақиби асосии Лукашенко, пуштибонӣ карданд. Мухолифон бо натиҷаҳои расмӣ розӣ нестанд.

XS
SM
MD
LG