Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико пажуҳишгоҳи Конфутсийро ҳамчун “агенти хориҷӣ” мешиносад


Майк Помпео
Майк Помпео

Амрико ба пажӯҳишгоҳи Конфутсий, ки аз ҷониби ҳукумати Чин таъмини молӣ мешавад, мақоми “агенти хориҷӣ” додааст. Интизор меравад, ин иқдом равобити бе он ҳам муташанниҷи байни Вашингтону Пекинро тиратар созад. Вазири умури хориҷии Амрико Майк Помпео рӯзи 13-уми август дар як эъломия гуфт, Пекин аз пажӯҳишгоҳи Конфутсий дар Амрико барои таблиғи худ истифода мекунад ва барои пешбурди аҳдофи бад талош дорад дар донишгоҳҳову мактабҳои Амрико нуфуз пайдо кунад. Помпео мегӯяд, Ҷумҳурии Мардумии Чин аз озодии ҷомеаи Амрико суистифода карда, таблиғоти густардаро барои афзоиши нуфузи худ дар ин кишвар ба роҳ мондааст. Амрико дар моҳи июл консулгарии Чинро дар аёлати Техас баст ва Чин ҳам консулгарии Амрикоро масдуд намуд.

XS
SM
MD
LG