Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тихановская аз ҷонибдоронаш хост, аз "интихоби худ" ҳимоят кунанд


Светлана Тихановская ва Александр Лукашенко

Светлана Тихановская, рақиби аслии Александр Лукашенко дар интихоботи президентии Беларус аз тарафдоронаш хост, аз "интихоби худ дифоъ кунанд" ва хостори баргузории эътирозҳои сулҳомез дар ҳама шаҳрҳо шуд.

Тихановская баъд аз эълони натиҷаҳои интихоботи президентии 9-уми август маҷбур шуд, кишварро тарк кунад ва ҳоло дар Литва аст. Ӯ дар як муроҷиати видеоӣ рӯзи 14-уми август гуфт, аксари интихобкунандагон ба ӯ овоз додаанд, на ба Лукашенко.

Ин дар ҳолест, ки Кумисюни марказии интихоботи Беларус мегӯяд, Лукашенко 80 дарсад ва Тихановская камтар аз даҳ дарсади раъйи мардумро соҳиб шуданд.

"Мо, тарафдорони тағйирот, аксарият ҳастем. Инро санадҳо ва нусхаи протоколҳо аз марказҳои овоздиҳӣ тасдиқ мекунанд. Дар қитъаҳое, ки варақаҳоро мунсифона ҳисоб кардаанд, тарафдорони ман аз 60 то 70 дарсадро ташкил медиҳанд. Беларусиҳо ҳеч вақт намехоҳанд, бо ҳукумати пешина бимонанд. Ҳеч кас ба пирӯзии Лукашенко бовар надорад", -- афзудааст ӯ.

https://www.youtube.com/watch?time_continue=176&v=N3OspbawDCA&feature=emb_logo

Тихановская ҳукумати Беларусро ба он муттаҳам кард, ки "эътирозҳои мусолиматомезро ба муборизаи хунин" табдил додааст. Вай мегӯяд, "бояд ба хушунатҳо дар шаҳрҳои Беларус поён дода шавад. Аз ҳамаи раисони шаҳрҳо хоҳиш мекунам, ки рӯзҳои 15 ва 16-уми август гирдиҳамоиҳои сулҳомез ташкил кунанд."

Номзади мухолифон дар интихоботи Беларус аз сокинони ин кишвар даъват кардааст, ки исбот кунанд, аксарият ба ӯ овоз додаанд. Вай афзуд, дар сомонаи расмиаш гӯшае гузоштаанд, ки ҳар касе дар давраи интихобот аз ӯ пуштибонӣ карда буд, метавонад дар он ҷо худро номнавис кунад.

Тихановскаяи 37-сола ба ҷонибдоронаш, ситоди пешазинтихоботӣ, коргароне, ки бо нишони ҳамраъйӣ ба эътирозҳо ҳамроҳ шуданд ва маъмурони пулис, ки аз иҷрои фармони раҳбаронашон барои саркӯби муътаризон даст кашиданд, сипосгузорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG