Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо хостори поён ёфтани саркӯби шадиди эътирозҳо дар Беларус шуд


Иттиҳодияи Аврупо дар посух ба он чи "саркӯби бераҳмона"-и эътирозҳо дар Беларус меномад, фишорҳоро ба Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури ин кишвар афзоиш додааст.

Ҷозеп Борел, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, хостори поён ёфтани саркӯби шадиди эътирозҳо дар Беларус шуда, гуфтааст, ба ҳуқуқи башар ва демократия эҳтиром гузошта шавад.

Ӯ рӯзи 13-уми август дар як блог навишт, "тағйири сиёсии бунёдӣ пешшарте барои густариши бештари равобит миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Беларус аст."

Борел ин суханонро пеш аз мулоқоти фаврии вазирони умури хориҷии кишварҳои аврупоӣ гуфтааст. Пеш аз оғози нишасти дипломатҳои аршади аврупоӣ, мақомҳои Беларус раҳоии садҳо боздоштшударо оғоз карданд.

Бисёре аз шахсони озодшуда аз шароити "ваҳшатнок", аз ҷумла латту кӯб ва бадрафториҳои дигар дар боздоштгоҳҳои Беларус қисса кардаанд. Созмони Афви Байнулмилал гуфтааст, ин афрод аз шиканҷаи густарда ва таҳдиди таҷовуз нақл кардаанд.

Аз замони оғози эътирозҳо дар 9-уми август дастикам 2 норозӣ ҷон додаанд ва ҳудуди 6700 кас дастгир шудаанд. Эътирозҳо бо баранда эълом шудани Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус дар интихобот авҷ гирифт. Кумисюни марказии интихоботи Беларус эълон кард, ки Лукашенко 80 дарсади овозҳоро касб карда ва рақиби умдааш дар интихоботи 9-уми август Светлана Тихановская камтар аз 10 дарсади ороро ба даст овардааст.

Тихановская натиҷаи интихоботро напазируфт ва маҷбур шуд Беларусро ба қасди Литва тарк кунад. Мухолифони сиёсӣ мегӯянд, дар интихоботи рӯзи 9-уми август тақаллуб сурат гирифтааст, то ҳукумати 26-солаи Лукашенко идома ёбад.

XS
SM
MD
LG