Қурби як доллари амрикоӣ дар баробари сомонӣ то соли 2023 то ба 11 сомониву 67 дирам метавонад боло равад. Чунин қурби долларро ҳукумати Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори рақами 412 "Пешбинии нишондодҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023"-ро тасдиқ кард, ки дар он болоравии қурби доллар тайи се соли оянда пешбинӣ мешавад.
Мувофиқи пешбинии ин санад қурби як доллар то поёни соли 2020 интизор меравад то сатҳи 10 сомониву 69 дирам бирасад. Ҳоло Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 долларро 10 сомониву 31 дирам таъин кардааст.
Бино ба пешбинии ҳукумат дар соли 2021 қурби 1 доллар ба 11 сомонӣ ва соли 2022 ба 11 сомониву 33 дирам хоҳад расид.
Бори охир дар Тоҷикистон моҳи марти 2020 қурби сомонӣ дар баробари доллар ба таври қобили мулоҳиза афтид. Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 20-уми март қурби сомониро дар баробари доллари амрикоӣ якбора 5 дарсад поин овард ва арзиши 100 доллар расман ба 1020 сомонӣ баробар шуд.
Бонки миллии Тоҷикистон пас аз 5 дарсад поин овардани қурби сомонӣ дар баробари доллар онро "тасҳеҳи якдафъаина" номид ва гуфт, паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон "бевосита таъсири манфии худро расонд".