Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари рӯзноманигор аз Шавкат Мирзиёев кумак хост


Бобомурод Абдуллоев
Бобомурод Абдуллоев

Модари Бобомурод Абдуллоев, рӯзноманигори боздоштшудаи узбек дар шаҳри Бишкек дар муроҷиати худ ба президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфтааст, писарашро бо "туҳмати душманон" дастгир кардаанд ва танҳо президент метавонад, ба онҳо кумак кунад.

Гавҳар Мадаминова дар муроҷиати видеоияш ба Мирзиёев аз айби эълон кардаи додситонии ноҳияи Мирзоулуғбеки шаҳри Тошканд ба зидди писараш изҳори нигаронӣ кардааст.

"Писари ман ҳамеша аз шумо ҷонибдорӣ мекард. Ӯ мегуфт, агар Мирзиёев намешуд, ман ба озодӣ намебаромадам. Мирзиёев ба ман кумак кард, ки озод шавам. Ман ҳамчун модар нигаронам, зеро ҳангоми ҳабси пешин ба писарам гуфтаанд, ки "ин бор тавонистӣ раҳо шавӣ, вале ба дасти мо дубора хоҳӣ афтод ва он вақт ҳама чи дигар хел мешавад. Ҳатто агар мо туро 1 сол ҳам зиндонӣ кунем, аз онҷо зинда намебароӣ. Устухонҳои туро орд карда, ба модарат мефиристем". Писари ман ин суханҳоро ҳам дар додгоҳ ва ҳам дар муроҷиатномаҳои худ баён дошта буд. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки ба мо кумак кунед. Писари маро бо туҳмат маҳв карданианд", - афзуд Мадаминова. ​

Пештар намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ки Бобомурод Абдуллоевро рӯзи 8-уми август бо дархости Узбекистон боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи вакили мудофеи рӯзноманигор, Абдуллоев дар Узбекистон бо моддаи "Бадномсозии президенти Узбекистон" ва "Бадномсозии сохти конститутсионии Узбекистон" айбдор мешавад.

Бобомурод Абдуллоев моҳи сентябри соли 2017 аз сӯи мақомоти амниятии Узбекистон дар шаҳри Тошканд боздошт шуда буд. Ӯро дар навиштани мақолаҳо зидди сохтори конститутсионии Узбекистон бо номи мустаор айбдор карданд.

Додгоҳ моҳи майи соли 2018 Абдуллоевро ба 1,5 соли корҳои ислоҳӣ маҳкум ва аз толори додгоҳ раҳо кард.

Бобомурод Абдуллоев бо даъвати Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ барои таҳсили муваққат ба шаҳри Бишкек омада буд. Аммо баъди анҷоми таҳсил ба далели баста шудани марзҳо натавонист, ки ин кишварро тарк кунад.

XS
SM
MD
LG