Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъзе ҷузъиёт дар бораи қасди худкушии вазири нақлиёти Тоҷикистон. ВИДЕО


Худоёр Худоёрзода се сол инҷониб вазири нақлиёти Тоҷикистон аст
Худоёр Худоёрзода се сол инҷониб вазири нақлиёти Тоҷикистон аст

Бино ба хабари мақомоти расмӣ, Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, қасди худкушӣ кардааст ва наздиконаш ӯро наҷот додаанд. Ҳоло вазир дар бемористони "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе бистарист. Худоёрзода 62-сола аст.

Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки ҳодиса бомдоди 11-уми август "дар пайи муноқишаи оилавӣ" рух дод. Дар Додситонии кул ба Радиои Озодӣ гуфтанд, то анҷоми тафтишот аз шарҳи ҷузъиёт худдорӣ меварзанд.

Вақте хабарнигори Радиои Озодӣ барои фаҳмидани асли воқеа ба манзили вазири нақлиёт рафт, як ҷавон дарро кушод, вале нахост дар ин бора суҳбат кунад ва бо баёни он ки "ҳеч гап нашудааст" дарро баст.

Азизхонум, хоҳари Худоёр Худоёрзода, дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки танҳо дар бораи ба бемористон бурда шудани бародараш хабар ёфтаанд ва тафсилотро намедонанд.

Дар бемористони "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе нахостанд, ки расман дар бораи вазъи саломатии вазир иттилоъ диҳанд, аммо як пизишк бе зикри номаш гуфт, "ӯро субҳ бо ду захми корд дар шикам оварданд." Манобеи дигар феълан ин иттилоъро тасдиқ ё рад накардаанд.

Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 11-уми август дар иттилоияе гуфтанд, Худоёрзода дар хонаи истиқоматиаш дар кӯчаи Ҷаббор Расулови шаҳри Душанбе "бо истифода аз корди хоҷагӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани хеш даст ба худкушӣ задааст".

Ба иттилои манбаъ, ҳамсар ва фарзандони вазир дар хона будаанд ва ба ӯ ёрии аввали тиббӣ расондаанд: "Айни ҳол, Худоёрзода дар беморхонаи муассисаи давлатии Маҷмаии тандурустии Истиқлоли шаҳри Душанбе пас аз ҷарроҳӣ дар ҳолати муътадил таҳти назорати духтурон қарор дорад."

Дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ки дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушодаанд ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Хабари қасди худкушии Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳамсояҳои ӯро низ ҳайратзада кардааст.

Ҳамсояҳо чӣ мегӯянд?

Рӯзи 11-уми август чанде аз ҳамсояҳои Худоёрзода ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар бораи ҷанҷоли хонаводагии ӯ чизе нашунидаанд ва хабари қасди худкушии вазирро дар "Инстаграм" диданд. Яке аз ҳамсояҳои вазир бе зикри номаш гуфт, "ҳеч боварамон намеояд, ки ӯ худкушӣ кардан мехост".

Арӯсмоҳ Пирова, раиси биное, ки хонаводаи вазир дар он ҷо зиндагӣ дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо шунидани ҳодиса ба хонаи вазир рафтааст ва дар он ҷо кормандони мақомоти интизомиро дидааст: "Ҳамсари вазир фишорбаландӣ дошт, гап зада наметавонист, ба духтарҳояш гуфтам, ки гиря накунед, модаратон каме ором шавад. Дигар ҳолате набуд, ки ман зиёд гап занам, ки чаро чунин шудааст. То ҳамин рӯз боре садои баланди онҳоро нашунида будем. Оилаи вазир, худи ӯ ва ҳамсараш бисёр инсонҳои намунавӣ ҳастанд, ҳеч гоҳ ҷанҷолашонро нашунида будем. Аз мақомот фаҳмидам, ки ба баданаш корд задааст. Инро шунида ҳайрон шудем. Дигар ҳамсояҳо низ нафаҳмидаанд, ки чӣ гап аст”.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Вазири нақлиёти Тоҷикистон қасди худкушӣ кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Худоёр Худоёрзода аз моҳи январи соли 2017 вазири нақлиёти Тоҷикистон аст.

Дар гузашта вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 2013 то 2017 ҳамчун раиси ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон кор кардааст.

Ба иттилои расмӣ ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо мавриди худкушӣ ё кӯшиши худкушии сокинонро сабт мекунанд. Додситони кул Юсуф Раҳмон моҳи апрели имсол дар ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ гуфта буд, ки соли 2019 дар кишвар 632 мавриди даст ба худкушӣ задани шаҳрвандонро сабт кардаанд.

Додситони кул ин рақамҳорро ташвишовар хонда, гуфта буд, ки Тоҷикистон барномаи махсуси пешгирӣ аз худкушӣ ва сӯйиқасди худкуширо қабул кардааст. Иҷрои ин барнома то соли 2023 дар назар аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG