Бомбе, ки мошини нерӯҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Покистонро ҳадаф қарор дода буд, рӯзи 10-уми август дар бозори пуродам дар наздикии марз бо Афғонистон таркид. Дар натиҷа, камаш 5 нафар кушта ва 10 нафари дигар бо ҷароҳатҳо ба бемористон бурда шуданд. Дар ин бора пулиси маҳаллӣ иттилоъ дод.
Дар иттилоияе, ки барои хабарнигорон дар Покистон дода шуд, гуфта мешавад, масъулияти ҳамларо дар шаҳри ноороми Чаман “Ҷамоат-ул-Аҳрор”, як шохаи аз Толибон ҷудошудаи силоҳбадастон бар дӯш гирифтанд.
Ба гуфтаи мақомот бомб дар мототсикл ҷобаҷо шуда буд ва тавассути дастгоҳи аз масофа идорашаванда ба кор дароварда шуд.
Муовини сардори пулиси шаҳри Чаман ба Радиои Озодӣ гуфт, кушташудагон афроди мулкӣ буданд. Вай афзуд, ду узви “Ҷамоат-ул-Аҳрор” низ дар натиҷаи инфиҷор захм бардошта, дар маҷмуъ вазъи 7 нафар аз маҷруҳон “вазнин” аст.
Нерӯҳои амниятӣ ва пулис маҳалли ҳодисаро иҳота карданд. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, чанде аз фурӯшгоҳҳо ва мошинҳои сабукрав вайрон шуданд. Имрон Хон, нахуствазири Покистон ҳамларо маҳкум кард.
Инфиҷор пас аз он рух дод, ки нерӯҳои қудратии Покистон ба сӯи гирдиҳамомадагон дар як раҳпаймоӣ дар ин шаҳр оташ кушоданд. Гузаргоҳи марзии Чаман бинобар пандемияи коронавирус бастааст ва имкон намедиҳад, ки сокинон сарҳади Афғонистонро гузаранд.