Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳриёри Давлат, овозхони ҷавони тоҷикро 10 рӯз ҳабс кардаанд


Дар аксҳое, ки Раёсати умури дохилии Душанбе паҳн кард, ӯ завлона ба даст тасвир ёфтааст
Дар аксҳое, ки Раёсати умури дохилии Душанбе паҳн кард, ӯ завлона ба даст тасвир ёфтааст

Маъмурони милиса дар шаҳри Душанбе овозхони ҷавон Шаҳриёри Давлатро барои сабту паҳн кардани "пранк" ё саҳнаи шӯхиомез дастгир карда, бо қарори додгоҳ даҳ рӯз ба ҳабс гирифтаанд.

Вай ва ду ҳамроҳаш – Дилшод Мирзоев ва Фарҳод Солеҳзода – ба "вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ" ва "тарғиби бадгуфториву алфози қабеҳ" гунаҳкор шуданд.

То ба ҳол назари Шаҳриёри Давлат ва ё наздиконаш ба ин қазия маълум нест. Аммо бештари блогерон ва овозхонҳои тоҷик бо ташкили "пранк" ё саҳнаи шӯхиомез ва гузоштани он дар саҳифаашон дар Ютуб мехоҳанд, бинандаи бештар ҷалб кунанд.

Мақомот мегӯянд, боздошти овозхон ва ҳамроҳонаш бо дархости корбарони Ютуб сурат гирифтааст.

Дар навор ҳамкорони Шаҳриёри Давлат чархҳои мошинаи ӯро кушода, мехоҳанд, вокуниши овозхонро дар чунин лаҳза шоҳид шаванд. Мақомоти Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 7-уми август гуфтанд, "Шаҳриёри Давлат бо мушоҳидаи ин ҳолат тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, нисбат ба ҳамкорони худ суханони қабеҳ ва амалу рафтори ноҷо намуда, дидаву дониста ин наворро дар шабакаи худ нашр намудааст."

Шаҳриёри Давлат 29-сола ва сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аст. Ӯ бештар бо иҷрои таронаҳои ошиқона дар миёни ҷавонон шуҳрат дорад.

XS
SM
MD
LG