Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ гуфт, "ҳолати фавқулода" то 2021 идома хоҳад дошт


Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон

Раиси ҷумҳурии Эрон мегӯяд, ҳолати фавқулодае, ки ба хотири густариши коронавируси нав дар ин кишвар ҷорӣ шудааст, дастикам то моҳи январи соли 2021 идома хоҳад дошт.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи якшанбе дар як баёния гуфт: "Мо аз шаш моҳ ба ин сӯ дар ин вазъият ҳастем ва худро барои ҳадди ақал шаш моҳи дигар бояд омода созем."

Рӯҳонӣ афзуд, ҳеч гуна бардоштани комили маҳдудиятҳои беҳдоштӣ дар ҳоли ҳозир дар назар нест. Эрон дар ду моҳи ахир баъзе аз маҳдудиятҳои ҷилавгирӣ аз паҳншавии вируси коронаро коҳиш додааст.

Ба иттилои мақомоти Эрон, коронавируси нав дар ин кишвар ба 320 ҳазор кас сироят карда, боис ба марги 18 ҳазор нафар шудааст.

XS
SM
MD
LG