Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон дубора ба парвозҳои байнулмилалӣ иҷозат дод


Мақомоти Покистон гуфтанд, ки аз 9-уми август ба ҳама парвозҳои байнулмилалӣ дубора иҷозат додаанд. Ин кор баъди беш аз чаҳор моҳ "танаффуси иҷборӣ" сурат мегирад.

Покистон дар охири моҳи марти имсол ба хотири пешгирӣ аз коронавируси нав парвозҳои дохилӣ ва байнулмилалиро манъ кард.

Идораи ҳавонавардии Покистон азсаргирии парвозҳоро як рӯз пас аз он эълон кард, ки ҳукумати ин кишвар аз бозкушоии ҳама бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ хабар дод.

То кунун бар асари коронавируси нав дар Покистон беш аз 6 ҳазор кас ҷони худро аз даст додаанд. Беморӣ ба зиёда аз 283 ҳазор нафар сироят кардааст.

XS
SM
MD
LG