Мақомоти вилояти Бодканди Қирғизистон хабар доданд, ки шоми 6-уми август дар марз бо Тоҷикистон тирпаронӣ сурат гирифта, як нафар маҷруҳ шудааст.
Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтааст.
Мақомоти Бодканд ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ҳодиса дар наздикии деҳаи Кок-Тош руй дода, шахси маҷруҳ дар бемористон аст ва вазъи саломатиаш миёнаи вазнин арзёбӣ мешавад. Ба қавли онҳо, ин сокини Кок-Тош аз ҷониби номаълум ҳадаф қарор гирифтааст.
Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон гуфтааст, ин хабарро таҳқиқ мекунад ва айни замон афзудааст, ки вазъ дар сарҳад зери назорат аст.
Дар рӯзи 6-уми август ин дувумин ҳодиса дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст. Дафтари матбуоти нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон субҳи панҷшанбе хабар дод, ки дар 1-километрии марз бо вилояти Бодканд, як сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ аз тири ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расидааст. Ба иттилои манбаъ, Воҳид Ваҳҳобови 65-сола боғбони бригадаи рақами чаҳори ҳамин ҷамоат будааст.
Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳамзамон хабар дод, ки дар минтақаи ҳамҷавори маҳаллаи Лангари Моҳиёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара сардори дидбонгоҳи "Кӯктош"-и Қирғизистон Шер Кабиров аз сӯи як шахси номаълум ҳадафи тир қарор гирифтааст. Тибқи изҳороти Раёсати марзбонии Тоҷикистон, дар ин ҳамла аз силоҳи шикорӣ истифода шудааст.
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин 519 километраш мушаххасу аломатгузорӣ шудааст. Ду кишвар барои таъйини марзи боқимонда солҳо боз забон намеёбанд ва номуайянии сарҳад ҳар дафъа боис ба задухӯрду тирпаронӣ дар минтақаҳои баҳсӣ мешавад.