Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фейсбук видеои Доналд Трампро пок кард, Твиттер ҳам


Фейсбук ва Твиттер навиштаҳои раиси ҷумҳур Доналд Трамп ва ситоди интихоботии ӯро бинобар риоят накардани меъёрҳои муқобила бо дурӯғпароканӣ дар бораи коронавирус аз ин шабакаҳои иҷтимоӣ пок карданд. Фейсбук порчаи видеоеро аз саҳифаи Доналд Трамп пок кард, ки дар он иддао мекунад, кӯдакон аз вируси нав “тақрибан эмин” ҳастанд.

Видео, ки порае аз мусоҳибаи ӯ бо телевизиони Фокс Нюс буд, барои он пок шудааст, ки ба гуфтаи Фейсбук “иттилооти зиёновар дар бораи COVID” дорад. Ба гуфтаи Фейсбук иддаои раиси ҷумҳур дар бораи масуният доштани кӯдакон аз коронавирус дурӯғ аст.

Бори аввал аст, ки Фейсбук навиштаи раиси ҷумҳурро бинобар риоят накардани қоидаҳои нашри мӯҳтаво пок мекунад. Табибон мегӯянд, ки кӯдакон аз коронавируси нав масуният надоранд, ҳарчанд маргу мири пиронсолон аз беморӣ назар ба кӯдакон зиёдтар аст.

Кӯдакону навзодон ҳам ба COVID-19 гирифтор мешаванд ва ба дигарон ҳам сироят мекунанд. Твиттер ҳам саҳифаи ситоди интихоботии Доналд Трампро бинобар нашри айни видео барои муддате дастнорас кард ва ба муттасадиёнаш гуфт, то замоне, ки видеоро пок накунанд, дигар ҳаққи нашри чизеро нахоҳанд дошт.

Доналд Трамп ҳангоми нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед дигарбора иддао кард, ки вирус “аз байн меравад”, ҳарчанд Амрико аз ин вирус назар ба ҳар кишвари дигари дунё осеби бештар дидааст. Дар инҷо 4 миллиону 800 ҳазор нафар ба COVID-19 мубтало шудаанд ва бештар аз 158 ҳазор нафар ҳам фавтидаанд.

XS
SM
MD
LG