Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се рӯзи оташбас баъди як ҳамлаи маргбор дар Афғонистон


Кобул, 30 июл. Ширинипазӣ дар остонаи ид
Кобул, 30 июл. Ширинипазӣ дар остонаи ид

Оташбаси серӯзаи Афғонистон, ки аз ҷониби Толибон пешниҳод ва мавриди дастгирии ҳукумат шуд, чанд соат баъди як таркиши маргталабонае дар остонаи иди Қурбон ба иҷро даромад. Ду рақиб ҳафтаи ҷорӣ гуфтанд, ки дар рӯзҳои ид шурӯъ аз 31 июл душманиро канор мегузоранд. Вале қабл аз ин дар шаҳри Пули Алами вилояти шарқии Лугар дар паи таркиши маргталабонае дар миёни издиҳоми мардум нӯҳ нафар кушта шуд. Таркиш дар майдони Озодии шаҳр дар соатҳое рух дод, ки мардуми зиёде бо хариди пеш аз ид машғул буданд. Вазорати дифоъ дар изҳороте гуфт, ки тамоми қурбониҳо афроди мулкӣ буданд ва дар миёни онҳо занону кӯдакон низ буданд. Дар ин ҳодиса дар баробари 9 нафар кушташуда 40 нафар ҷароҳат бардоштанд. Бархе гузоришҳо шумори фавтидаҳоро 18 нафар гуфтанд. Оташбаси серӯза дар Афғонистон дар ҳоле шурӯъ шуд, ки фиристодаи ИМА барои Афғонистон Залмай Халилзод дар талоши шурӯи музокироти сулҳи миёни ду ҷониби рақиби Афғонистон мебошад.

XS
SM
MD
LG