Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогери узбек баъди як навиштааш дар "Фейсбук" ба бозпурсӣ даъват шуд


Миразиз Бозоров, блогери узбек.
Миразиз Бозоров, блогери узбек.

Блогер Миразиз Бозоров 27-уми июли соли равон барои бозпурсӣ ба Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон даъват шуд.

Худи блогер гуфт, ӯро баъди нашри як навиштааш дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук", ки аз Бонки осиёии рушд даъват карда буд, додани қарзҳои бидуни назоратро ба мақомоти Узбекистон қатъ кунад, ба бозпурсӣ даъват карданд.

"Навиштаи ман рӯзи ҷумъа нашр шуд ва субҳи душанбе (27 июл) аз Хадамоти амнияти давлатӣ занг зада, ба бозпурсӣ даъват карданд. Аз онҳо хостам, ки ба ман даъватномаи расмӣ фиристанд ва худи он рӯз, соати 15:30 даъватномаро ба модарам доданд. Дар даъватнома гуфта шуда буд, ки ман бояд баъди ним соат, 16:00 ба ин ниҳод ҳозир шавам", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Бозоров, вай ба рақамҳои дар даъватнома дарҷшуда ва рақаме, ки субҳ бо он тамос гирифта буданд, занг зад, вале касе ҷавоб надодааст. Дар натиҷа вай рӯзи 28 июл ҳамроҳи вакили дифоаш ба Хадамоти амнияти давлатӣ рафтаанд.

"Навбатдор ба ман гуфт, ки муфаттиш мехоҳад, бо ӯ танҳо суҳбат кунад, вале ман розӣ нашудам. Сипас таби ману вакили дифоъро санҷиданд. Аз ман 37,5 ва аз вакили дифоъ 37 баромад. Баъд аз чанд муддат навбатдор ҳуҷҷатҳои моро баргардонда, гуфт, ки метавонем биравем. Муфаттиш гуфтааст, суҳбат бо ман барои парвандае, ки тафтиш дорад, он қадар муҳим нест ва агар лозим шавад, ягон рӯзи дигар даъват мекунад ё телефонӣ суҳбат хоҳад кард",-изҳор дошт блогер.

Бозоров мегӯяд, даъвати ӯ ба Хадамоти амнияти давлатӣ ба навиштааш дар "Фейсбук" рабт дорад. Зеро баъди он навиштааш ба телефони ӯву модараш аз рақамҳои ношинос зиёд занг меомад ва вақте ба онҳо ҷавоб надоданд, бо ӯ худи муфаттиш тамос гирифта гуфтааст, ки мехоҳад дар доираи як парванда бо ӯ ҳамчун шоҳид суҳбат кунад, вале муфаттиш дақиқ нагуфтааст, ки ин суҳбат дар доираи кадом парванда аст.

XS
SM
MD
LG