Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақрибан 200 тоҷики дигар марзи Қазоқистону Узбекистонро гузаштанд. ВИДЕО


Ҳудуди 200 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар марзи Қазоқистон ва Узбекистон, дар гузаргоҳи "Жибек Жоли" дармонда буданд, шаби 29-уми июл марзро гузашта, ба сарҳади кишвар расидаанд. Дар ин бора як намояндаи консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Алмато рӯзи 30-юми июл ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи намояндаи консулгарӣ, ҳудуди 15 нафари дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, қарор аст, шоми 30-июл аз марз гузаранд. Ин шаҳрвандон ним моҳи ахир дар марз дармонда буданд. Аз охири моҳи март ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус марз бастааст. Дар ду моҳи ахир ба таври истисноӣ аз Қазоқистон беш аз ҳазор муҳоҷири тоҷик ба ватан баргардонида шуданд. Дар ин кор Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират, ЮНИСЕФ ва Амрикову Норвегия кумак кардаанд.

XS
SM
MD
LG