Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон ба хотири тақвияти НАТО дар қиболи Русия нирӯҳоро аз Олмон берун мекашад


Ҳавопаймои низомии амрикоӣ аз пойгоҳи Рамштейни Олмон баланд мешавад. Июни соли 2020
Ҳавопаймои низомии амрикоӣ аз пойгоҳи Рамштейни Олмон баланд мешавад. Июни соли 2020

ИМА дар як тасмими наваш қарор кард, ки тахминан 12 ҳазор нирӯро аз Олмон берун оварда онҳоро дар ҳудудҳои Белгия ва Итолиё ҷойгир мекунанд. Пентагон гуфт, ки ин як тағйироти стратегӣ дар қиболи Русия мебошад. Вазири дифои ИМА Марк Эспер рӯзи 29 июл гуфт, ки тағйири мавқеъ барои тақвияти НАТО мусоидат карда тадбирҳои боздорандаи Русияро тақвият медиҳад. Аз миёни 34,500 низомии амрикоӣ дар Олмон тахминан 6400 нафарашон ба хона бармегардад ва 5600 нафарашон ба кишварҳои дигари НАТО фиристода хоҳанд шуд. Трамп дар гузашта Олмонро барои таъхир дар афзоиши то дударсадии хароҷоташ дар ин паймони низомӣ интиқод кардааст. Қарори ахири ИМА барои Олмон ногаҳонӣ шуд ва зоҳиран ба камбуди ҳамоҳангӣ бо муттафиқони калидии НАТО ишора мекунад.

XS
SM
MD
LG